Ҳар он нозир, ки манзуре надорад

172

Ҳар он нозир, ки манзуре надорад,
Чароғи давлаташ нуре надорад.

Чӣ кор андар биҳишт он муддаъиро,
Ки майл имрӯз бо ҳуре надорад?

Чӣ завқ аз зикр пайдо ояд онро,
Ки пинҳон шавқи мазкуре надорад?

Миёни орифон соҳибназар нест,
Ки хотир пеши манзуре надорад.

Агар симурғе андар доми зулфе
Бимонад, тоби усфуре1 надорад.

Табиби мо яке номеҳрбон аст,
Ки гӯӣ ҳеч ранҷуре надорад.

Валекин чун асал нашнохт Саъдӣ,
Фиғон аз дасти занбуре надорад.


1 Гунҷишк.