Ҳар салтанат ки хоҳӣ, мекун, ки дилпазирӣ

575

Ҳар салтанат ки хоҳӣ, мекун, ки дилпазирӣ,
Дар дасти хубрӯён давлат бувад асирӣ.

Ҷон бохтан ба кӯят дар орзуи рӯят
Донистаам, валекин хунхори ногузирӣ.

Мулк они тусту лашкар сар бар замини хидмат,
Гар бегунаҳ бисӯзӣ, в-ар бехато бигирӣ.

Гар ман сухан нагӯям дар васфи рӯю мӯят,
Оинаат бигӯяд пинҳон, ки беназирӣ.

Он к-ӯ надида бошад гул дар миёни бустон,
Шояд ки хира монад дар арғавону хирӣ1.

Гуфтам, магар чу рафтӣ, ғоиб шавӣ зи чашмам,
Он нестӣ, ки рафтӣ, онӣ, ки дар замирӣ.

Эй боди субҳи бустон, пайғоми васли ҷонон,
Меваз, ки хушнасимӣ, медам, ки хушъабирӣ.

Ӯро наметавон дид аз мунтаҳои хубӣ,
Мо худ наменамоем аз ғояти ҳақирӣ.

Гар ёр бо ҷавонон хоҳад нишасту риндон,
Мо низ тавба кардем аз зоҳидию пирӣ.

Саъдӣ, назар бипӯшон ё хирқа дар миён неҳ,
Риндӣ раво набошад дар ҷомаи фақирӣ.


1 Гули шаббӯ, гули ҳамешабаҳор, хайру.