Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст

57

Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст,
Алҳони будбул аз нафаси дӯстони туст.

Чун Хизр дид он лаби ҷонбахши дилфиреб,
Гуфто, ки оби чашмаи ҳайвон даҳони туст.

Юсуф ба бандагит камар баста бар миён,
Будаш яқин, ки мулки малоҳат аз они туст.

Ҳар шоҳиде, ки дар назар омад ба дилбарӣ,
Дар дил наёфт роҳ, ки он ҷо макони туст.

Ҳаргиз нишон зи чашмаи Кавсар шунидаӣ?
К-ӯро нишоне аз даҳани бенишони туст.

Аз рашки офтоби ҷамолат бар осмон
Ҳар моҳ моҳ дидам, чун абрувони туст.

Ин боди рӯҳпарвар аз анфоси субҳдам
Гӯӣ, магар зи турраи анбарфишони туст.

Сад пираҳан қабо кунам1 аз хуррамӣ, агар
Бинам, ки дасти ман чу камар дар миёни туст.

Гуфтанд, меҳмонии ушшоқ мекунӣ,
Саъдӣ ба бӯсае зи лабат меҳмони туст.


1 Чок кунам, бидарам.