Ҳар шабам бе ту ба сад ғам бигзарад

Ҳар шабам бе ту ба сад ғам бигзарад,
Шаб чунин бар ошиқон кам бигзарад.

Баски бар рӯйи замин меборам ашк,
Тарсам аз рӯйи дигар нам бигзарад.

Нақди дил гум кардаам, ай кош, бод
Мӯй-мӯятро ба хам-хам бигзарад.

Бод завқи захми ту бар ман ҳаром,
Бар дилам гар ёди марҳам бигзарад.

Рӯзи шодӣ рафт зуду ғам расид,
Бар наёяд дер, к-ин ҳам бигзарад.

Рахна-рахна шуд рухам, аз бас бар ӯ
Аз мижа сели дамодам бигзарад.

Бод сур айёми ту яксар, чӣ бок,
Умри Ҷомӣ, гар ба мотам бигзарад!