Ҳар шабам дар сар хаёли он лаби майгун бувад

Ҳар шабам дар сар хаёли он лаби майгун бувад,
Доман аз мижгону мижгон аз дилам пурхун бувад.

Чун расад пайкони ӯ дар сина, он гаҳ бигзарад,
Аз расидан дарди бигаштан басе афзун бувад.

Он ғизолӣ ту, ки аз баҳри шикорат оламе
Гумраҳ андар кӯҳ ё саргашта дар ҳомун бувад.

Бо ғамам бигзору шодӣ дигаронро деҳ, ки ман
Ошиқи ғамхораам, шодӣ, надонам чун бувад?

Дуд н-ояд з-ахгари оташ, вале дил дар барам
Омад он ахгар, ки дудаш рафта бар гардун бувад.

Ҳар гиёҳе, к-аз ҳарими хаймаи Лайлӣ дамад,
Хӯрда об аз чашмасори дидаи Маҷнун бувад.

Суҳбате танг аст, Ҷомӣ, ҷону дилро бо ғамаш
Ақл маҳрам нест, гӯ, то як замон берун бувад.