Ҳар шабе, к-аз моҳи меҳрафрӯзи худ ёд оварам

Ҳар шабе, к-аз моҳи меҳрафрӯзи худ ёд оварам,
Аз фиғону нола шаҳреро ба фарёд оварам.

Шеваи Ширин агар ин аст, к-он бадхӯйрост,
Дар ҷаҳон ман низ рӯзе расми Фарҳод оварам.

Ман чу натвонам, к-аз аввал мурғи дил дорам нигоҳ,
Кай тавонам, к-ин дамаш аз доми сайёд оварам?

Бандаи он қоматам, чун об аз он гар дар чаман
Сар диҳандам, сар ба пойи сарви озод оварам.

Хонаам бе ӯ ғамобод аст, вой он шаб, ки ман
Аз дари ӯ рӯ ба кунҷи ин ғамобод оварам.

Хоҳам аз ҳуснат бигӯям ошкоро нуктае,
Мояи ишрат суйи дилҳои ношод оварам.

Боз гӯяд ғайрати ишқам, ки Ҷомӣ, лаб бибанд
В-арна бар ҷонат зи ғам сад теғи бедод оварам.