Ҳар шаб аз зулфи ту ҳоли ман парешонтар бувад

Ҳар шаб аз зулфи ту ҳоли ман парешонтар бувад,
Ҳар дам аз лаъли ту чашмам гавҳарафшонтар бувад.

Гарчи натвонад зи ҷо ҷунбид сарви ҷӯйбор,
Бар қадат аз шохи най дар об ларзонтар бувад.

Гуфтиям як бӯса хоҳӣ ё ду дашном аз лабам,
Ҳар чӣ камтар, ҷони ман, донӣ, ки осонтар бувад.

Чораи ҳайронии худ зери бори ишқи ту
Ҳар киро пурсам, зи ман сад бор ҳайронтар бувад.

Меҳрат андар ҷону ҷон дар дил, дил андар бар ниҳон
Кардаму з-ин низ мехоҳам, ки пинҳонтар бувад.

З-оташи дил пераҳан бар тан бисӯзад хирқаам,
Гар на ҳар як дар барам аз оби мижгон тар бувад.

Булбули хушхон ба васфи гул сарояд дар чаман,
Гуфтаи Ҷомӣ кӣ хонад? – Ҳар кӣ хушхонтар бувад.