Ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар

301

Ҳар шаб андешаи дигар кунаму рои дигар,
Ки ман аз дасти ту фардо биравам ҷои дигар.

Бомдодон, ки бурун мениҳам аз манзил пой,
Ҳусни аҳдам нагузорад, ки ниҳам пои дигар.

Ҳар касеро сари чизею таманнои касест,
Мо ба ғайр аз ту надорем таманнои дигар,

З-он ки ҳаргиз ба ҷамоли ту дар оинаи ваҳм
Мутасаввар нашавад сурату болои дигар.

Вомиқе буд, ки девонаи Азрое буд,
Манам имрӯзу туӣ Вомиқу Азрои дигар.

Вақти он аст, ки саҳро гулу сунбул гирад,
Халқ берун шуда, ҳар қавм ба саҳрои дигар.

Бомдодон ба тамошои чаман берун ой,
То фароғ аз ту намонад ба тамошои дигар.

Ҳар сабоҳе ғаме аз даври замон пеш ояд,
Гӯям, ин низ ниҳам бар сари ғамҳои дигар.

Боз гӯям, на, ки даврони ҳаёт ин ҳама нест,
Саъдӣ, имрӯз таҳаммул куну фардои дигар.