Ҳар шаб афрӯхта аз оташи дил машъалаҳо

Ҳар шаб афрӯхта аз оташи дил машъалаҳо,
Равад аз кӯйи ғамат сӯйи адам1 қофилаҳо.

Дилам аз партави хуршеди рухат қандилест,
Аз сари зулфи ту овехта бо силсилаҳо.

Шарҳи асрори харобот надонад ҳама кас,
Ҳам магар пири муғон ҳал кунад ин масъалаҳо.

Дар раҳи фақру фано бе мадади ишқ марав,
Ки камингоҳи ҳаводис бувад ин марҳалаҳо.

Гуфтугӯйи хирад аз ҳад бигузашт, ай соқӣ,
Бода дардеҳ, ки надорам сари ин машғалаҳо2.

Соате гӯши ризо сӯйи мани дилшуда неҳ,
К-имшаб аз дасти ту ҳам пеши ту дорам гилаҳо.

Воқиф аз сирри харобот ҷуз он маст нашуд,
Ки ба майхона баровард чу Ҷомӣ чилаҳо.


1 Адам – нестӣ
2 Машғала – машғулият, шуғл.