Ҳар ҷавр, к-аз ту ояд, бар худ ниҳам ғаромат

130

Ҳар ҷавр, к-аз ту ояд, бар худ ниҳам ғаромат,
Ҷурми турову худро бар худ ниҳам тамомат!

Ай моҳрӯй, аз ту сад ҷавр агар биёяд,
Танро бувад чу хилъат, ҷонро бувад саломат!

Ҳар кас зи ҷумла олам аз ту насиб доранд,
Ишқи ту шуд насибам, аҳсант, ай каромат!

Гаҳ ҷом маст гардад аз лаззати майи ту,
Гаҳ май ба ҷӯш ояд аз чошнии ҷомат!

Маънӣ ба саҷда ояд чун сурати ту бинад,
Ҳар ҳарф рақс орад, чун бишнавад каломат!

Ошиқ чу масттар шуд, бар вай маломат ояд,
Зеро ки нуқли ин май набвад ба ҷуз маломат!