Ҳастам зи ҷон ғуломат, аммо гурезпоям

Ҳастам зи ҷон ғуломат, аммо гурезпоям,
Сад борам ар фурӯшӣ, бугрезаму биёям.

Гоҳам рақиб хонӣ, гоҳе саги дари худ,
Он номро нахоҳам в-ин лутфро нашоям.

Дилро сабурӣ аз ту як лаҳза нест мумкин,
Сад бораш озмудам, дигар чӣ озмоям?

Баст аз тафи дилам занг ойинавор гардун,
Акнун ба сайқали оҳ он занг мезудоям.

Ҳар гаҳ ба қасди қатлам тири ҷафо кушоӣ,
Баҳри бақои умрат дасти дуо кушоям.

Ҳарчанд бо сагонат хуш нест худнамоӣ,
Худро зи хели эшон ҳар лаҳза менамоям.

Ҳар дам магӯ, ки Ҷомӣ, то кай сухан гузорӣ,
Аз шавқи туст, ҷоно, к-ин нағма месароям.