Ҳин, сухани тоза бигӯ, то ду ҷаҳон тоза шавад

191

Ҳин, сухани тоза бигӯ, то ду ҷаҳон тоза шавад,
Вораҳад аз ҳадди ҷаҳон, бе ҳаду андоза шавад!

Хоки сияҳ бар сари ӯ, к — аз дами ту тоза нашуд,
Ё ҳамагӣ ранг шавад, ё ҳама овоза шавад!

Ҳар ки шудат ҳалқаи дар, зуд барад ҳуққаи зар,
Хоса, ки дар боз кунӣ, маҳрами дарвоза шавад!

Об чӣ донист, ки ӯ гавҳари гӯянда шавад,
Хок чӣ донист, ки ӯ ғамзаи ғаммоза шавад?!

Рӯйи касе сурх нашуд бе мадади лаъли лабат,
Бе ту агар сурх бувад, аз асари ғоза шавад!

Ноқаи Солиҳ чу зи куҳ зод, яқин гашт маро,
Кӯҳ пайи муждаи ту уштури ҷаммоза шавад!

Роз ниҳон дору хамуш, в-ар хамушӣ талх бувад,
Он чи ҷигарсӯз бувад, боз ҷигарсоза шавад!