Ҳусни хеш аз рӯйи хубон ошкоро кардаӣ

Ҳусни хеш аз рӯйи хубон ошкоро кардаӣ,
Пас ба чашми ошиқон онро тамошо кардаӣ.

З-обу гил акси ҷамоли хештан бинмудаӣ,
Шамъи гулрухсору моҳи сарвболо кардаӣ.

Ҷуръае аз ҷоми ишқи худ ба хок афшондаӣ,
Зӯфунуни ақлро Маҷнуни шайдо кардаӣ.

Гарчи маъшуқӣ, либоси ошиқӣ пӯшидаӣ,
Он гаҳ аз худ ҷилвае бар худ таманно кардаӣ.

Бар рух аз зулфи сияҳ мушкин салосил бастаӣ,
Оламеро бастаи занҷири савдо кардаӣ.

Мавкаби1 ҳуснат нагунҷад бар замину осмон,
Дар ҳарими сина, ҳайронам, ки чун ҷо кардаӣ.

Мекунӣ, Ҷомӣ, гум андар ишқ ному нанги хеш,
Офарин бодо бар ин расме, ки пайдо кардаӣ!


1 Мавкаб – сипоҳ, лашкар.