Ҳушёр касе бояд, к-аз ишқ бипарҳезад

187

Ҳушёр касе бояд, к-аз ишқ бипарҳезад,
В-ин табъ, ки ман дорам, бо ақл наёмезад.

Он кас ки диле дорад, оростаи маънӣ,
Гар ҳар ду ҷаҳон бошад, дар пои яке резад.

Гар сели иқоб ояд, шӯрида наяндешад,
В-ар тири бало борад, девона напарҳезад.

Охир, на манам танҳо дар бодияи савдо,
Ишқи лаби ширинат бас шӯр барангезад.

Бе бахт чӣ фан созам, то бар хурам аз васлат?
Бемоя забун бошад, ҳарчанд ки бистезад.

Фазл аст, агарам хонӣ, адл аст, агарам ронӣ,
Қадри ту надонад он, к-аз заҷри ту бигрезад.

То дил ба ту пайвастам, роҳи ҳама дарбастам,
Ҷое ки ту биншинӣ, бас фитна, ки бархезад.

Саъдӣ назар аз рӯят кӯтаҳ накунад ҳаргиз,
В-ар рӯй бигардонӣ, дар доманат овезад.