Ҳуққаи лаъли ту аз ҷавҳари ҷон сохтаанд

Ҳуққаи лаъли ту аз ҷавҳари ҷон сохтаанд,
Коми ҳар хаста дар он ҳуққа ниҳон сохтаанд.

Ҳар латофат, ки ниҳон буд паси пардаи ғайб,
Ҳама дар сурати хуби ту аён сохтаанд.

Ҳар чӣ бар сафҳаи андеша кашад килки хаёл,
Шакли матбӯи1 ту зеботар аз он сохтаанд.

Шӯхию нозу карашма ҳама оварда ба ҳам,
Фитнаи оламу ошӯби ҷаҳон сохтаанд.

Он на болост, ниҳолест, ки аз равзани қудс
Ба тамошогаҳи ушшоқ равон сохтаанд.

Меҳнати ҳаҷр диҳад чошнии шарбати васл,
Дардмандони фироқат ба ҳамон сохтаанд.

То ба роҳи талабат бехабарон пай набаранд,
Каъбаи васли ту бе ному нишон сохтаанд.

Баски Ҷомӣ сифати ҳусни ту некӯ гӯяд,
Ишқбозон суханаш вирди забон сохтаанд.


1 Матбуъ – дилписанд, дилчасп.