Ҷамъе, ки ту дар миёни эшонӣ

612

Ҷамъе, ки ту дар миёни эшонӣ,
З-он ҷамъ бадар бувад парешонӣ.

Эй зоти шарифу шахси рӯҳонӣ,
Ороми дилию марҳами ҷонӣ.

Хуррам дили он, ки бо ту пайвандад,
В-он ҳалқа, ки дар миёни эшонӣ.

Ман низ ба хидматат камар бандам,
Бошад, ки ғуломи хештан хонӣ.

Бар хони ту ин шакар, ки мебинам,
Бефоидаӣ, магас ки меронӣ.

Ҳар ҷо, ки ту бигзарӣ бад-ин хубӣ,
Кас шак накунад, ки сарви бустонӣ.

Ҳар кас сари дасту соъидат бинад,
Гар дил надиҳад, ба панҷа бистонӣ.

Ман чашм чунин надидаам ҳаргиз,
Чандон ки қиёс мекунам, ҷонӣ.

Бар дидаи ман бирав, ки махдумӣ,
Парвона ба хун бидеҳ, ки султонӣ.

Ман сар зи хати ту барнамегирам,
В-ар чун қаламам ба сар бигардонӣ.

Ин гард, ки бар рух аст, мебинӣ,
В-он дард, ки бар дил аст, медонӣ.

Дуде, ки биёяд аз дили Саъдӣ,
Пайдост, ки оташест пинҳонӣ.

Мегӯяду ҷон ба рақс меояд,
Хуш меравад ин самоъи рӯҳонӣ.