Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин банду бас.

Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.

Эй бародар, ин дунё (ва сарвату дороии он) ба ҳеҷ касе вафо намекунад (ва аз дасти ҳама меравад), аз ин рӯ, дилатро фақат ба Худованди офаринандаи ҷаҳон бубанд, (зеро фақат Ӯ ҷовидон аст.)

Ҳаргиз ба қудрату молу сарват ва пушту насаби худ мағрур машав ва бо онҳо фахр макун, зеро ин ҷаҳон пеш аз ту низ шахсони зиёдеро чун ту парварида (ва ба қудрату молу сарват расонидааст) ва сипас ҳалок намудааст.

Чун лаҳзаи марги инсон фаро расад ва ҷони поки инсон азми рафтан бикунад, фарқе надорад, ки бар болои тахти подшоҳӣ бимирӣ ва ё бар рӯи хоки ғарибӣ. Яъне қудрату сарвати кас пеши рафтани ҷонро гирифта наметавонад ва шоҳу гадо дар назди марг баробаранд ва яксон мемиранд. (Пас, чун марги ҳамагон яксон бошад, дил бастану мағрур шудани инсон ба тахту мансабу сарвату дунё аз рӯи хирад нест.)