Ҷилваи гул рухат аз турраи чун сунбул кард

Ҷилваи гул рухат аз турраи чун сунбул кард,
Каҷҷаи ҳиндуи зулфи каҷабозат гул кард.

Боғбон зулфи сияҳ бар гули рухсори ту дид,
Ёди ҷаъди гираҳ андар гираҳи сунбул кард.

Бо ту гул сар зи гиребони латофат барзад,
Ҷомаро бар тани ӯ боди сабо ҷулҷул кард.

Хонаи мурғи дилам шохи сари Тӯбӣ буд,
Оқибат хонаи худ дар сари он кокул кард.

Ошиқи маст, ки дар базми чаман наъразан аст,
Косадорӣ-ш гулу мутрибияш булбул кард.

Киштии бода паёпай пули дарёи ғам аст,
Вақти он хуш, ки иморатгарии ин пул кард.

Ҷомӣ аз ҷоми ҷамолест ғазалхон, ки ба боғ
Гулбун аз ҷуръаи он соғари гул пурмул кард.