Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд,
Ӯ на аз кирми пила номӣ шуд?
Бо азизе нишаст рӯзе чанд,
Лоҷарам ҳамчу ӯ гиромӣ шуд.