Ҷоно, ҳазорон офарин бар ҷонат аз сар то қадам

352

Ҷоно, ҳазорон офарин бар ҷонат аз сар то қадам,
Сонеъ Худое, к-ин вуҷуд овард берун аз адам.

Хуршед бар сарви равон дигар надидам дар ҷаҳон,
Васфат нагунҷад дар баён, номат наёяд дар қалам.

Гуфтам, чу товусӣ магар, узве зи узве хубтар,
Мебинамат, чун найшакар ширинӣ аз сар то қадам.

Чандон ки мебинам ҷафо, уммед медорам вафо,
Чашмон-т мегӯянд «ло»1, абрӯт мегӯяд «наъам»2.

Охир, нигоҳе боз кун, в-он гаҳ итоб оғоз кун,
Чандон ки хоҳӣ, ноз кун чун подшоҳон бар хадам.

Чун дил бибурдӣ, дин мабар, ҳуш аз мани мискин мабар,
Бо меҳрбонон кин мабар, ло тақтулу сайда-л-Ҳарам3.

Хор асту гул дар бӯстон, ҳарч ӯ кунад, некӯст он,
Саҳл аст пеши дӯстон аз дӯстон бурдан ситам.

Ӯ рафту ҷон мепарварад, ин ҷома бар худ медарад,
Султон ки хобаш мебарад, аз посбононаш чӣ ғам?

Мезад ба шамшери ҷафо, мерафту мегуфт аз қафо:
Саъдӣ, бинолидӣ зи мо, мардон наноланд аз алам.


1 Не.
2 Бале, оре.
3 Сайди Хонаи Худоро макушед.