Ҷоно, ҷамоли рӯҳ басе хубу бофар аст

136

Ҷоно, ҷамоли рӯҳ басе хубу бофар аст.
Лекин ҷамолу ҳусни ту худ чизи дигар аст!

Ай он, ки солҳо сифати рӯҳ мекунӣ,
Бинмой як сифат, ки ба зоташ баробар аст!

Дар дида мефазояд нур аз хаёли ӯ,
Бо ин ҳама ба пеши висолаш мукаддар аст!

Мондам даҳони боз зи таъзими он ҷамол,
Ҳар лаҳза бар забону дил Аллоҳу Акбар аст!

Дил ёфт дидае, ки муқими ҳавои туст,
Оваҳ, ки он ҳаво чи дилу дидапарвар аст!

Аз ҳуру моҳу рӯҳу парӣ ҳеч дам мазан,
К-онҳо ба ӯ намонаду ӯ чизи дигар аст!

Чокарнавозӣ аст, ки кардаст ишқи ту,
Варна куҷо диле, ки бад — он ишқ дарх(в)ар аст?!

Ҳар дил, ки ӯ нахуфт шабе дар ҳавои ту,
Чун рӯз равшан асту ҳаво з-ӯ мунаввар аст!

Ҳар кас, ки бемурод шуд, ӯ чун муриди туст,
Бе сурати мурод муродаш муяссар аст!

Ҳар дӯзахӣ, ки сӯхту дар ин ишқ ӯфтод,
Дар Кавсар ӯфтод, ки ишқи ту Кавсар аст!

Поям намерасад ба замин аз умеди васл,
Ҳарчанд аз фироқи туам даст бар сар аст!

Ғамгин машав, дило, ту аз ин зулми душманон,
В-андеша кун дар ин ки дилором довар аст!

Аз рӯйи заъфарони ман ар шод шуд адӯ,
Не рӯйи заъфарони ман аз варди аҳмар аст!

Чун бартар аст хубии маъшуқам аз сифат,
Дардам чи фарбиҳ асту мадеҳам чи лоғар аст!

Оре, чу қоъидаст, ки ранҷури зорро
Ҳарчанд ранҷ беш бувад, нола камтар аст!

Ҳамчун қамар битофт зи Табрез Шамси дин,
Не, худ қамар чи бошад, к-он рӯй ақмар аст!