Ҷон бахшад аз лаб куштаро в-он гаҳ ба хун фармон диҳад

Ҷон бахшад аз лаб куштаро в-он гаҳ ба хун фармон диҳад,
Хунхории он шӯх бин, к-аз баҳри куштан ҷон диҳад.

Хокаш пас аз фарсудагӣ резад дари майдони ӯ,
Бошад, саманди хешро рӯзе бар он ҷавлон диҳад.

Ҷонам фидои соқие, к-ӯ ошкоро май хурад,
Он дам, ки даври мо расад, хунобаи пинҳон диҳад.

Гар соя бар хор афганад он гулузори ғунчалаб,
Он хор шохи гул шавад, бар ғунчаи хандон диҳад.

Ҳар тир, к-он шӯх афганад, дар сина бо сад завқ дил
Гоҳаш чу ҷон дар бар кашад, гаҳ бӯса бар пайкон диҳад.

Чун даст надҳад васли ӯ дур аз рақиби тундхӯ,
Он беҳ, ки ошиқ хешро хӯ бо ғами ҳиҷрон диҳад.

Гарде шуд аз роҳаш равон дар чашми Ҷомӣ он замон,
Орад ба доманҳо гуҳар аз дида, то товон диҳад.