Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад

126

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.

Бо ҳеч кас нишоне з-он дилситон надидам,
Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.

Ҳар шабнаме дар ин раҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.

Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорвон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.

Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон ҳечат зиён надорад.

Эй дил, тариқи риндӣ аз муҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳақи ӯ кас ин гумон надорад.

Аҳволи ганҷи Қорун, к-айём дод бар бод,
Дар гӯши дил фурӯ хон, то зар ниҳон надорад.

Гар худ рақиб шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,
К-он шӯхи сарбурида банди забон надорад.

Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,
Зеро ки чун ту шоҳе кас дар ҷаҳон надорад.