Ҷон доғи ту дорад, ҷигари ғарқа ба хун ҳам

Ҷон доғи ту дорад, ҷигари ғарқа ба хун ҳам,
Тороҷи ғамат шуд дилу дин, сабру сукун ҳам.

Гуфтӣ, ки ба ҷон ошиқи ман будӣ аз ин пеш,
Валлаҳ, ки ҳамонам ман аз он пеш, кунун ҳам.

Бас ишқ, ки он кам шуду бас ҳусн, ки он кост,
Ишқи ману ҳусни ту ҳамон, балки фузун ҳам.

Гар зулфи диловези ту ин аст, басо кас
Дар қайди бало афтаду занҷири ҷунун ҳам.

Ангехт сипаҳ ишқ, барафрӯхт алам оҳ,
Шуд мулки ғамат мулкати беруну дарун ҳам.

Умрест, ки хоҳанд вуболи мани бадрӯз
Он моҳи баландахтару ин бахти нагун ҳам.

Он ҷодуи дилҳо на чунон зад раҳи Ҷомӣ,
К-аш чора тавон кард ба таъвизу1 фусун ҳам.


1 Таъвиз – тӯмор.