Саъдии Шерозӣ

Саъдии Шерозӣ — яке аз суханварони тарози аввали шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ аст. Дар даҳаи аввали асри ХIII дар Шероз ба дунё омад. Дар таърихи вафоти Саъдӣ, монанди санаи таваллудаш, миёни саъдишиносон ихтилофи назар аст. Аксари муҳаққиқон соли 691 ҳиҷрӣ (1292 м.)-ро соли вафоти ин мутафаккири бузург медонанд.

Ғазалиёт

Ин саҳифа аз куллиёти ғазалиёти фасеҳу малеҳи бузургтарин адиби ғазалсарои адабиёти форсии тоҷикӣ Шайх Саъдии Шерозӣ фароҳам омада, шуморо вориди ҷаҳони андешаҳои волояш мегардонад ва машоми ҷонатонро муаттар медорад.

Аз «Гулистон»

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе, Аз «Гулистон»-и ман бибар варақе. Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад, В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад.