Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ – бунёдгузори адабиёти тоҷику форс, ки бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» маъруф аст, соли 858 мелодӣ дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аз он ҷо, ки зодгоҳи ӯ дар он замон яке аз музофотҳои Самарқанд ба ҳисоб мерафт, ба ин сабаб ӯро Рӯдакии Самарқандӣ хондаанд.

Ғазалиёт, қасоид ва қитъаот

Ашъори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Рӯдакӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ташнагони каломи нобро сероб мегардонаду панду андарзҳои ҳакимонааш зинатбахши зиндагии инсонҳост.

Рубоиёт

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ! Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ! Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!