Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон, Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
Ин саҳифа аз куллиёти ғазалиёти бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ фароҳам омадааст.

Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав, омине бигӯ: Рӯзии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!
Бар рухи соқии парипайкар Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб.
Гуфт: – Ҳофиз, ошноён дар мақоми ҳайратанд, Дур набвад, гар нишинад хаставу мискин ғариб.
Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад, Сулҳе куну боз о, ки харобам зи итобат.
Магар кушоиши Ҳофиз дар ин харобӣ буд, Ки бахшиши азалаш дар майи муғон андохт.
Тарки афсона бигӯ, Ҳофизу май нӯш даме, Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт.
Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ, В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ, Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?
Фарзи Эзад бигузорему ба кас бад накунем В-он чи гӯянд, раво нест, нагӯем равост.