Шоҳ аз ту гар сафина талаб мекунад, Камол, Бояд равона кард ба дарё сафинаро.
Олам сухани Камол бигрифт, Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.
Олам сухани Камол бигрифт, Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.
Шоҳ аз ту гар сафина талаб мекунад, Камол, Бояд равона кард ба дарё сафинаро.
Камол, аз ҳар мижа ашкат магар ҳамранги Салмон шуд, Ки аз ашъори мардум бурд маъниҳои рангинро?!
Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил, Камол, Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.
Субҳ аст Камолу маю овози хуши най, Бархезу ғанимат шумар ин як-ду-се дамро.
Гуфтӣ маро: Ба сурати ман ошиқӣ, Камол? Сурат надида чун бинависам ҷавобро?
Чун дид Камол он сари кӯ, тарки ватан кард, Булбул чу чаман дид, раҳо кард қафасро.
Дил маранҷон ба дарди дӯст, Камол, Фаҳва моу-л-ҳаёти фиҳи шифо.
Гашт рангин зи сухан дафтари ашъори Камол, Гӯ, ба сурхӣ манависед «ва айзан лаҳ»-ро.
Васфи рӯи ту Камол ар накунад, нуқсон нест, Набувад ҳоҷати машшота рухи зеборо.
Басе ба васфи даҳонат Камол мӯй шикофт, Наёфт як сари мӯ нақши ин муамморо.