Маснавӣ: «Соқинома»

Биё, соқӣ, он май, ки ҳол оварад.
Каромат физояд, камол оварад.

Ба ман деҳ, ки бас бедил афтодаам,
В-аз ин ҳар ду беҳосил афтодаам.

Биё, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём,

Бидеҳ, то бигӯям ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай?

Биё, соқӣ, он кимиёи футӯҳ,
Ки бо ганҷи Қорун диҳад умри Нӯҳ.

Бидеҳ, то ба рӯят гушоянд боз
Дари комронию умри дароз.

Бидеҳ, соқӣ, он май, к-аз ӯ ҷоми Ҷам
Занад лофи биноӣ андар адам.

Ба ман деҳ, ки гардам ба таъйиди ҷом
Чу Ҷам огаҳ аз сирри олам тамом.

Дам аз сайри ин дайри дерина зан,
Салое ба шоҳони пешина зан.

Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.

Куҷо ройи Пирони лашкаркашаш?
Куҷо Шеда, он турки ханҷаркашаш?

На танҳо шуд айвону қасраш ба бод,
Ки кас дахма низаш надорад ба ёд.

Ҳамон марҳала-ст ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.

Бидеҳ, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.

Чӣ хуш гуфт Ҷамшеди ботоҷуганҷ,
Ки як ҷав наярзад сарои сипанҷ.

Биё, соқӣ, он оташи тобнок,
Ки Зардушт меҷӯядаш зери хок.

Ба ман деҳ, ки дар кеши риндони маст
Чи оташпарасту чи дунёпараст.

Биё, соқӣ, он бикри мастури маст,
Ки андар харобот дорад нишаст.

Ба ман деҳ, ки бадном хоҳам шудан,
Хароби маю ҷом хоҳам шудан.

Биё,соқӣ, он оби андешасӯз,
Ки гар шер нӯшад, шавад бешасӯз.

Бидеҳ, то равам бар фалак шергир,
Ба ҳам барзанам доми ин гурги пир.

Биё, соқӣ, он май, ки ҳури биҳишт
Абири малоик дар он месиришт.

Бидеҳ, то бухуре дар оташ кунам,
Машоми хирад то абад х(в)аш кунам.

Бидеҳ, соқӣ, он май, ки шоҳӣ диҳад,
Ба покии ӯ дил гувоҳӣ диҳад.

Маям деҳ, магар гардам аз айб пок,
Барорам ба ишрат саре з-ин мағок.

Чу шуд боғи рӯҳониён масканам,
Дар ин ҷо чаро тахтабанди танам?

Шаробам диҳу рӯйи давлат бибин,
Харобам куну ганҷи ҳикмат бибин.

Ман онам, ки чун ҷом гирам ба даст,
Бибинам дар он оина, ҳар чӣ ҳаст.

Ба мастӣ дами подшоӣ занам,
Дами хусравӣ дар гадоӣ занам.

Ба мастӣ тавон дурри асрор суфт,
Ки дар бехудӣ роз натвон ниҳуфт,

Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд,
Зи чархаш диҳад Зуҳра овози руд.

Муғаннӣ, куҷоӣ, ба гулбонги руд
Ба ёд овар он хусравонӣ суруд,

Ки то ваҷдро корсозӣ кунам,
Ба рақс ояму хирқабозӣ кунам.

Ба иқболи дорои дайҳиму тахт,
Беҳин меваи хусравонӣ дарахт.

Хадеви замин, подшоҳи замон,
Маҳи бурҷи давлат, шаҳи комрон,

Ки тамкини авранги шоҳӣ аз ӯст,
Таносоиши мурғу моҳӣ аз ӯст.

Фурӯғи дилу дидаи муқбилон,
Валинеъмати ҷони соҳибдилон.

Ало, эй ҳумои ҳумоюнназар,
Хуҷастасурушу муборакхабар,

Фалакро гуҳар дар садаф чун ту нест,
Фаридуну Ҷамро халаф чун ту нест.

Ба ҷои Сикандар бимон солҳо,
Ба донодилӣ кашф кун ҳолҳо.

Сари фитна дорад дигар рӯзгор,
Ману мастию фитнаи чашми ёр.

Яке теғ донад задан рӯзгор,
Якеро қаламзан кунад рӯзи кор.

Муғаннӣ, бизан он навоин суруд,
Бигӯ бо ҳарифон ба овози руд:

Маро бар адӯ оқибат фурсат аст,
Ки аз осмон муждаи нусрат аст.

Муғаннӣ, навои тараб соз кун,
Ба қавлу ғазал қисса оғоз кун,

Ки бори ғамам бар замин дӯхт пой,
Ба зарби усулам баровар зи ҷой.

Муғаннӣ, навое ба гулбонги руд
Бигӯю бизан хусравонӣ суруд.

Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.

Муғаннӣ, аз он парда нақше биёр,
Бибин, то чӣ гуфт аз дарун пардадор.

Чунон баркаш овози хунёгарӣ,
Ки Ноҳиди чангӣ ба рақс оварӣ.

Раҳе зан, ки сӯфӣ ба ҳолат равад,
Ба мастии васлаш ҳаволат равад.

Муғаннӣ, дафу ҷангро соз деҳ,
Ба ойини хушнағма овоз деҳ.

Фиреби ҷаҳон қиссаи равшан аст,
Бибин, то чӣ зояд шаб, обистан аст.

Муғаннӣ, малулам, дутоӣ бизан,
Ба яктоии ӯ, ки тое бизан.

Ҳамебинам аз даври гардун шигифт,
Надонам, киро хок хоҳад гирифт?

Дигар ринди муғ оташе мезанад,
Надонам, чароғи кӣ бар мекунад?

Дар ин хунфишон арсаи растахез
Ту хуни суроҳию соғар бирез!

Ба мастон навиди суруде фирист,
Ба ёрони рафта дуруде фирист.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *