Ғазал: «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд»

Ғазали шумораи 179

Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонд, чунин низ ҳам нахоҳад монд.

Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин муҳтарам нахоҳад монд.

Чу пардадор ба шамшер мезанад ҳамаро,
Касе муқими ҳарими ҳарам нахоҳад монд.

Чӣ ҷойи шукру шикоят зи нақши неку бад аст,
Чу бар саҳифаи ҳастӣ рақам нахоҳад монд?!

Суруди малиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.

Ғанимате шумар, эй шамъ, васли парвона,
Ки ин муомила то субҳдам нахоҳад монд.

Тавонгаро, дили дарвеши худ ба даст овар,
Ки махзани зару ганҷи дирам нахоҳад монд.

Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Зи меҳрубонии ҷонон тамаъ мабур, Ҳофиз,
Ки нақши ҷавру нишони ситам нахоҳад монд.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *