Ғазал: «Маро ба риндию ишқ он фузул айб кунад»

Ғазали шумораи 188

Маро ба риндию ишқ он фузул айб кунад,
Ки эътироз бар асрори илми ғайб кунад.

Камоли сидқи муҳаббат бибин, на нақси гуноҳ,
Ки ҳар кӣ беҳунар афтад, назар ба айб кунад.

Зи атри ҳури биҳишт он нафас барояд бӯй,
Ки хоки майкадаи мо абири ҷайб кунад.

Чунон занад раҳи ислом ғамзаи соқӣ,
Ки иҷтиноб зи саҳбо магар Суҳайб* кунад.

Калиди ганҷи саодат қабули аҳли дил аст,
Мабод он ки дар ин нукта шакку райб кунад.

Шубони водии Айман гаҳе расад ба мурод,
Ки чанд сол ба ҷон хидмати Шуайб кунад.

Зи дида хун бичаконад фасонаи Ҳофиз,
Чу ёди вақти шабобу замони шайб кунад.

Ҳофизи Шерозӣ


* Яке аз саҳобаҳои Паёмбар ﷺ аст, ки дар муҳоҷирати мусулмонон ба Мадина тамоми молу милки худро во гузошту бо Паёмбар ﷺ ҳамсафар шуд ва шуҳрат ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *