Ғазал: «Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад»

Ғазали шумораи 226

Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сарбамуҳр ба олам самар шавад.

Гӯянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад валек ба хуни ҷигар шавад.

Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам халоси ман он ҷо магар шавад.

Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна яке коргар шавад.

Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯй,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.

Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯйи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.

Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он ки гадо муътабар шавад.

Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад.

Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.

Ин саркашӣ, ки дар сари сарви баланди туст,
Кай бо ту дасти кӯтаҳи мо дар камар шавад?

Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *