Ғазал: «Ало, зй тӯтии гӯёи асрор»

Ғазали шумораи 245

Ало, зй тӯтии гӯёи асрор,
Мабодо холият шаккар зи минқор!

Сарат сабзу дилат хуш бод ҷовид,
Ки хуш нақше намудӣ аз хати ёр.

Сухан сарбаста гуфтӣ бо ҳарифон,
Худоро, з-ин муаммо парда бардор!

Ба рӯйи мо зан аз соғар гулобе,
Ки хоболудаем, зй бахти бедор!

Чӣ раҳ буд ин, ки зад дар парда мутриб,
Ки мерақсанд бо ҳам масту ҳушёр?

Аз он афюн, ки соқӣ дар май афшонд,
Ҳарифонро на сар монду на дастор.

Сикандарро намебахшанд обе,
Ба зӯру зар муяссар нест ин кор.

Биёву ҳоли аҳли дард бишнав
Ба лафзи андаку маънии бисёр.

Бути чинӣ адӯи дину дилҳост,
Худовандо, дилу динам нигаҳ дор!

Ба мастурон магӯ асрори мастӣ,
Ҳадиси ҷон магӯ бар нақши девор!

Ба юмни давлати мансуршоҳӣ
Алам шуд Ҳофиз андар назми ашъор.

Худовадӣ ба ҷони бандагон кард,
Худовандо, зи офоташ нигаҳ дор.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *