Ғазал: «Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз»

Ғазали шумораи 262

Ҳоли хуниндилон кӣ гӯяд боз
В-аз фалак хуни хум кӣ ҷӯяд боз?

Шармаш аз чашми майпарастон бод,
Наргиси маст агар бирӯяд боз.

Ҷуз Фалотуни хумнишини шароб
Сирри ҳикмат ба мо кӣ гӯяд боз?

Ҳар кӣ чун лола косагардон шуд,
З-ин ҷафо рух ба хун бишӯяд боз.

Нагушояд дилам чу ғунча, агар
Соғаре аз лабаш набӯяд боз.

Баски дар парда чанг гуфт сухан,
Бибураш мӯй, то намӯяд боз.

Гирди байтулҳароми хум Ҳофиз,
Гар намирад, ба сар бипӯяд боз.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *