Ғазал: «Боғбон, гар панҷ рӯзе суҳбати гул боядаш»

Ғазали шумораи 276

Боғбон, гар панҷ рӯзе суҳбати гул боядаш,
Бар ҷафои хори ҳиҷрон сабри булбул боядаш.

Эй дил, андар банди зулфаш аз парешонӣ манол,
Мурғи зирак чун ба дом афтад, таҳаммул боядаш.

Ринди оламсӯзро бо маслиҳатбинӣ чӣ кор?
Кори мулк аст, он ки тадбиру тааммул боядаш.

Такя бар тақвову дониш дар тариқат кофирист,
Роҳрав, гар сад ҳунар дорад, таваккул боядаш.

Бо чунин зулфу рухаш бодо назарбозӣ ҳаром,
Ҳар кӣ рӯйи ёсамину ҷаъди сунбул боядаш.

Нозҳо з-он наргиси мастонааш бояд кашид,
Ин дили шӯрида то он ҷаъду кокул боядаш.

Соқиё, дар гардиши соғар тааллул то ба чанд?
Давр чун бо ошиқон афтад, тасалсул боядаш.

Кист Ҳофиз, то нанӯшад бода бе овози руд,
Ошиқи мискин чаро чандин таҷаммул боядаш?

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *