Ғазал: «Бомдодон, ки зи хилватгаҳи кохи ибдоъ»

Ғазали шумораи 293

Бомдодон, ки зи хилватгаҳи кохи ибдоъ
Шамъи Ховар фиканад бар ҳама атроф шуоъ,

Баркашад ойина аз ҷайби уфуқ чарху дар он
Бинамояд рухи гетӣ ба ҳазорон анвоъ.

Дар завоёи тарабхонаи Ҷамшеди фалак
Арғанун соз кунад Зуҳра ба оҳанги самоъ.

Чанг дар ғулғула ояд, ки куҷо шуд мункир,
Ҷом дар қаҳқаҳа ояд, ки куҷо шуд манноъ?

Вазъи даврон бинигар, сағари ишрат баргир,
Ки ба ҳар ҳолате ин аст биҳини авзоъ.

Турраи шоҳиди дунё ҳама банд асту фиреб,
Орифон бар сари ин ришта наҷӯянд низоъ.

Умри хусрав талаб, ар нафъи ҷаҳон мехоҳӣ,
Ки вуҷудест атобахшу кариму наффоъ.

Мазҳари лутфи азал, равшании чашми амал,
Ҷомеъи илму амал, ҷони ҷаҳон Шоҳ Шуҷоъ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *