Ғазал: «Саҳар ба бӯйи гулистон даме шудам дар боғ»

Ғазали шумораи 295

Саҳар ба бӯйи гулистон даме шудам дар боғ,
Ки то чу булбули бедил кунам илоҷи димоғ.

Ба ҷилваи гули сурӣ нигоҳ мекардам,
Ки буд дар шаби тира ба равшанӣ чу чароғ.

Чунон ба ҳусну ҷавонии хештан мағрур,
Ки дошт аз дили булбул ҳазор гуна фароғ.

Кушода наргиси раъно зи ҳасрат об аз чашм,
Ниҳода лола зи савдо ба ҷону дил сад доғ.

Забон кашида чу теғе ба сарзаниш савсан,
Даҳон кушода шақоиқ чу мардуми айғоғ.

Яке чу бодапарастон суроҳӣ андар даст,
Яке чу соқии мастон ба каф гирифта аёғ.

Нишоту айшу ҷавонӣ чу гул ғанимат дон,
Ки, Ҳофизо, набувад бар расул ғайри балоғ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *