Ғазал: «Мақоми амну майи беғашу рафиқи шафиқ»

Ғазали шумораи 298

Мақоми амну майи беғашу рафиқи шафиқ,
Гарат мудом муяссар шавад, зиҳӣ тавфиқ!

Ҷаҳону кору ҷаҳон ҷумла ҳеч дар ҳеч аст,
Ҳазор бор ман ин нукта кардаам таҳқиқ.

Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ.

Ба маъмане раву фурсат шумар ғанимати вақт,
Ки дар камингаҳи умранд қотеони тариқ.

Биё, ки тавба зи лаъли нигору хандаи ҷом
Тасаввурест, ки ақлаш намекунад тасдиқ.

Агарчи мӯйи миёнат ба чун мане нарасад,
Хуш аст хотирам аз фикри ин хаёли дақиқ.

Ҳаловате, ки туро дар чаҳи занахдон аст,
Ба кунҳи он нарасад сад ҳазор фикри амиқ.

Агар ба ранги ақиқ аст ашки ман, чӣ аҷаб,
Ки муҳри хотами лаъли ту ҳаст ҳамчу ақиқ.

Ба ханда гуфт, ки Ҳофиз, ғуломи табъи туам,
Бибин, ки то ба чӣ ҳаддам ҳамекунад таҳмиқ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *