Ғазал: «Шамамту руҳа видодин ва шимту барқа висол»

Ғазали шумораи 303

Шамамту руҳа видодин ва шимту барқа висол,
Биё, ки бӯйи туро мирам, эй насими шамол.

Аҳодиян биҷамоли-л-ҳабиби қиф в-анзил,
Ки нест сабри ҷамилам зи иштиёқи ҷамол.

Шикояти шаби ҳиҷрон фурӯ гузошта беҳ,
Ба шукри он, ки барафканд парда рӯзи висол.

Биё, ки пардаи гулрези ҳафт хонаи чашм
Кашидаем ба таҳрири коргоҳи хаёл.

Чу ёр бар сари сулҳ асту узр металабад,
Тавон гузашт зи ҷаври рақиб дар ҳама ҳол.

Ба ҷуз хаёли даҳони ту нест дар дили танг,
Ки кас мабод чу ман дар пайи хаёли муҳол.

Қатили ишқи ту шуд Ҳофизи ғариб, вале
Ба хоки мо гузаре кун, ки хуни мо-т ҳалол.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *