Ғазал: «Дӯш бемории чашми ту бибурд аз дастам»

Ғазали шумораи 314

Дӯш бемории чашми ту бибурд аз дастам,
Лекин аз лутфи лабат сурати ҷон мебастам.

Ишқи ман бо хати мушкини ту имрӯзӣ нест,
Дер гоҳест, к-аз ин ҷоми ҳилолӣ мастам.

Аз суботи худам ин нукта хуш омад, ки ба ҷавр
Дар сари кӯйи ту аз пойи талаб наншастам.

Офият чашм мадор аз мани майхонанишин,
Ки дам аз хидмати риндон задаам, то ҳастам.

Дар раҳи ишқ аз он сӯйи фано сад хатар аст,
То нагӯйӣ, ки чу умрам ба сар омад, растам.

Баъд аз инам чӣ ғам аз тири каҷандози ҳасуд,
Чун ба маҳбуби камонабруйи худ пайвастам?

Бӯса бар дурҷи ақиқи ту ҳалол аст маро,
Ки ба афсӯсу ҷафо муҳри вафо нашкастам.

Санами лашкариям ғорати дил карду бирафт,
Оҳ, агар отифати шоҳ нагирад дастам!

Рутбати дониши Ҳофиз ба фалак бар шуда буд,
Кард ғамхории шамшоди баландат пастам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *