Ғазал: «Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ бар бодам»

Ғазали шумораи 316

Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ бар бодам,
Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам.

Май махур бо дигарон, то нахурам хуни ҷигар,
Сар макаш, то накашад сар ба фалак фарёдам.

Зулфро ҳалқа макун, то накунӣ дар бандам,
Турраро тоб мадеҳ, то надиҳӣ бар бодам.

Ёри бегона машав, то набарӣ аз хешам,
Ғами ағёр махур, то накунӣ ношодам.

Рух барафрӯз, ки фориғ кунӣ аз барги гулам,
Қад барафроз, ки аз сарв кунӣ озодам.

Шамъи ҳар ҷамъ машав, в-арна, бисӯзӣ моро,
Ёди ҳар қавм макун, то наравӣ аз ёдам.

Шуҳраи шаҳр машав, то наниҳам сар дар кӯҳ,
Шӯри Ширин манамо, то накунӣ Фарҳодам.

Раҳм кун бар мани мискину ба фарёдам рас,
То ба хоки дари Осаф нарасад фарёдам.

Ҳофиз аз ҷаври ту, ҳошо, ки бигардонад рӯй,
«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам».

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *