Ғазал: «Гарчи афтод зи зулфаш гираҳе дар корам»

Ғазали шумораи 324

Гарчи афтод зи зулфаш гираҳе дар корам,
Ҳамчунон чашми гушод аз карамаш медорам.

Ба тараб ҳамл макун сурхии рӯям, ки чу ҷом
Хуни дил акс бурун медиҳад аз рухсорам.

Пардаи мутрибам аз даст бурун хоҳад бурд,
Оҳ, агар з-он ки дар ин парда набошад корам.

Посбони ҳарами дил шудаам шаб, ҳама шаб,
То дар ин парда ҷуз андешаи ӯ нагзорам.

Манам он шоири соҳир, ки ба афсуни сухан
Аз найи килк ҳама қанду шакар меборам.

Ба сад уммед ниҳодем бад-ин бодия пой,
Эй далели дили гумгашта, фурӯ магзорам!

Дидаи бахт ба афсонаи ӯ шуд дар хоб,
Ку насиме зи иноят, ки кунад бедорам?!

Чун туро даргузар, эй бод, намеёрам дид,
Бо кӣ гӯям, ки бигӯяд сухане бо ёрам?

Дӯш мегуфт, ки Ҳофиз ҳама рӯясту риё,
Ба ҷуз аз хоки дараш бо кӣ бувад бозорам?!

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *