Ғазал: «Ту ҳамчу субҳию ман шамъи хилвати саҳарам»

Ғазали шумораи 330

Ту ҳамчу субҳию ман шамъи хилвати саҳарам,
Табассуме куну ҷон бин, ки чун ҳамесупарам.

Чунин ки бар дили ман доғи зулфи саркаши туст,
Бунафшазор шавад турбатам, чу даргузарам.

Бар остони умедат гушодаам дари чашм,
Ки як назар фиканӣ, худ фикандӣ аз назарам.

Чӣ шукр гӯямат, эй хайли ғам, афокаллоҳ,
Ки рӯзи бекасӣ охир намеравӣ зи сарам.

Ғуломи мардуми чашмам, ки бо сиёҳдилӣ
Ҳазор қатра биборад, чу дарди дил шумарам.

Ба ҳар назар бути мо ҷилва мекунад, лекин
Кас ин карашма набинад, ки ман ҳаменигарам.

Ба хоки Ҳофиз агар ёр бигзарад чун бод,
Зи шавқ дар дили он тангно кафан бидарам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *