Ғазал: «Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам»

Ғазали шумораи 338

Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.

Гуфтӣ: «Зи сирри аҳди азал як сухан бигӯ»,
Он гаҳ бигӯямат, ки ду паймона даркашам.

Ман одами биҳиштиям, аммо дар ин сафар
Ҳолӣ асири ишқи ҷавонони маҳвашам.

Дар ошиқӣ гузир набошад зи сӯзу соз,
Истодаам чу шамъ, матарсон зи оташам.

Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,
Ман ҷавҳарии муфлисам, эро мушаввашам.

Азбаски чашми маст дар ин шаҳр дидаам,
Ҳаққо, ки май намехурам акнуну сарх(в)ашам.

Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,
Чизем нест, в-арна, харидори ҳар шашам.

Бахт ар мадад диҳад, ки кашам рахт сӯйи дӯст,
Гесӯи ҳур гард фишонад зи мафрашам.

Ҳофиз, арӯси табъи маро ҷилва орзуст,
Оинае надорам, аз он оҳ мекашам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *