Ғазал: «Гар ман аз сарзаниши муддаиён андешам»

Ғазали шумораи 341

Гар ман аз сарзаниши муддаиён андешам,
Шеваи мастию риндӣ наравад аз пешам.

Зуҳди риндони навомӯхта роҳе ба диҳест,
Ман, ки бадноми ҷаҳонам, чӣ салоҳ андешам?

Шоҳи шӯридасарон хон мани бесомонро,
З-он ки дар камхирадӣ аз ҳама олам пешам.

Бар ҷабин нақш кун аз хуни дили ман холе,
То бидонанд, ки қурбони ту-кофаркешам.

Эътиқоде бинамову бигузар баҳри Худо,
То дар ин хирқа надонӣ, ки нодарвешам.

Шеъри хунбори ман, эй бод, бад-он ёр расон,
Ки зи мижгони сияҳ бар раги ҷон зад нешам.

Ман агар бода хурам в-ар на, чӣ корам бо кас,
Ҳофизи рози худу орифи вақти хешам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *