Ғазал: «Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам»

Ғазали шумораи 342

Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,
Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиканам.

Чунин қафас на сазои чу ман хушалҳонест,
Равам ба гулшани Ризвон, ки мурғи он чаманам.

Аён нашуд, ки чаро омадам, куҷо рафтам?
Дареғу дард, ки ғофил зи кори хештанам.

Чӣ гуна тавф кунам дар фазои олами қудс,
Ки дар сарочаи таркиб тахтабанди танам?

Агар зи хуни дилам бӯйи шавқ меояд,
Аҷаб мадор, ки ҳамдарди нофаи Хутанам.

Тирози пираҳани заркашам мабин чун шамъ,
Ки сӯзҳост ниҳонӣ даруни пираҳанам.

Биёву ҳастии Ҳофиз зи пеши ӯ бардор,
Ки бо вуҷуди ту кас нашнавад зи ман, ки манам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *