Ғазал: «Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам»

Ғазали шумораи 343

Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам,
К-аз чокарони пири муғон камтарин манам.

Ҳаргиз ба юмни отифати пири майфурӯш
Соғар тиҳӣ нашуд зи майи софи равшанам.

Аз ҷоҳи ишқу давлати риндони покбоз
Пайваста садри мастабаҳо буд масканам.

Дар шаъни ман ба дурдкашӣ занни бад мабар,
К-олуда гашт хирқа, вале покдомнам.

Шаҳбози дасти подшаҳам, ин чӣ ҳолат аст,
К-аз ёд бурдаанд ҳавои нишеманам.

Ҳайф аст булбуле чу ман акнун дар ин қафас
Бо ин лисони азб, ки хомуш чу савсанам.

Обу ҳавои Форс аҷаб сифлапарвар аст,
Ку ҳамраҳе, ки хайма аз ин хок барканам?!

Ҳофиз, ба зери хирқа қадаҳ то ба кай кашӣ?
Дар базми Хоҷа парда зи корат барафканам.

Туроншаҳи хуҷаста, ки дар манязиди фазл
Шуд миннати мавоҳиби ӯ тавқи гарданам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *