Ғазал: «Умрест, то ман дар талаб ҳар рӯз гоме мезанам»

Ғазали шумораи 354

Умрест, то ман дар талаб ҳар рӯз гоме мезанам,
Дасти шафоат ҳар замон дар некномӣ мезанам.

Бе моҳи меҳрафрӯзи худ, то бигзаронам рӯзи худ,
Доме ба роҳе мениҳам, мурғе ба доме мезанам.

Авранг ку, гулчеҳр ку, нақши вафову меҳр ку?
Ҳолӣ ман андар ошиқӣ дови тамоме мезанам.

То бу, ки ёбам огаҳӣ аз сояи сарви саҳӣ,
Гулбонги ишқ аз ҳар тараф бар хушхироме мезанам.

Ҳарчанд к-он ороми дил, донам, набахшад коми дил,
Нақши хаёле мекашам, фоли давоме мезанам.

Донам, сар орад ғуссаро, рангин барорад қиссаро
Он оҳи хунафшон, ки ман ҳар субҳу шоме мезанам.

Бо он ки аз вай ғоибам в-аз май чу Ҳофиз тоибам,
Дар маҷлиси рӯҳониён гаҳ-гоҳ ҷоме мезанам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *