Ғазал: «Ҳолиё маслиҳати вақт дар он мебинам»

Ғазали шумораи 355

Ҳолиё маслиҳати вақт дар он мебинам,
Ки кашам рахт ба майхонаву хуш биншинам.

Ҷоми май гираму аз аҳли риё дур шавам,
Яъне, аз аҳли ҷаҳон покдиле бигзинам.

Ҷуз суроҳию китобам набувад ёру надим,
То ҳарифони дағоро ба ҷаҳон кам бинам.

Сар ба озодагӣ аз халқ барорам чун сарв,
Гар диҳад даст, ки доман зи ҷаҳон дарчинам.

Бас, ки дар хирқаи олуда задам лофи салоҳ,
Шармсор аз рухи соқию майи рангинам.

Синаи танги ману бори ғами ӯ, ҳайҳот,
Марди ин бори гарон нест дили мискинам.

Ман агар ринди хароботаму гар Ҳофизи шаҳр,
Ин матоам, ки ҳамебинию камтар з-инам.

Бандаи Осафи аҳдам, дилам аз роҳ мабар,
Ки агар дам занам аз чарх, бихоҳад кинам.

Бар дилам гарди ситамҳост, Худоё, маписанд,
Ки мукаддар шавад оинаи меҳроийнам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *