Ғазал: «Дидор шуд муяссару бӯсу канор ҳам»

Ғазали шумораи 362

Дидор шуд муяссару бӯсу канор ҳам,
Аз бахт шукр дораму аз рӯзгор ҳам.

Зоҳид, бирав, ки толеъ агар толеъи ман аст,
Ҷомам ба даст бошаду зулфи нигор ҳам.

Мо айби кас ба мастию риндӣ намекунем,
Лаъли бутон хуш асту майи хушгувор ҳам.

Эй дил, башорате диҳамат: муҳтасиб намонд
В-аз май ҷаҳон пур асту бути майгусор ҳам.

Хотир ба дасти тафриқа додан на зиракист,
Маҷмӯае бихоҳу суроҳӣ биёр ҳам.

Бар хокиёни ишқ фишон ҷуръаи лабаш,
То хок лаългун шаваду мушкбор ҳам.

Он шуд, ки чашми бад нигарон будӣ аз камин,
Хасм аз миён бирафту сиришк аз канор ҳам.

Чун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,
Эй офтоб, соя зи мо бармадор ҳам.

Чун обрӯйи лолаву гул файзи рӯйи туст,
Эй абри лутф, бар мани хокӣ бибор ҳам.

Ҳофиз асири зулфи ту шуд, аз Худо битарс
В-аз интисофи Осафи ҷамиқтидор ҳам.

Бурҳони мулку дин, ки зи дасти вазораташ
Айём, кон ямин* шуду дарё ясор* ҳам.

Бар ёди ройи анвари ӯ осмон ба субҳ
Ҷон мекунад фидову кавокиб нисор ҳам.

Гӯйӣ замин рабудаи чавгони адли ӯст
В-ин баркашида гунбади нилиҳисор ҳам.

Азми сабукъинони ту дар ҷунбиш оварад,
Ин пойдор маркази олимадор ҳам.

То аз натиҷаи фалаку таври даври ӯст
Табдили моҳу солу хазону баҳор ҳам,

Холӣ мабод кохи ҷалолаш зи сарварон
В-аз соқиёни сарвқадду гулъизор ҳам!

Ҳофизи Шерозӣ


* Кон ямин – яъне, касе, ки дасти рости ӯ мисли маъдани зару сим аст ва ба дигарон мебахшад.
* Дарё ясор ҳам – яъне,ки дасти чапаш мисли дарё бахшанда аст.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *